талаб — I [طلب] 1. асоси замони ҳозира аз талабидан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои талбанда ва хоҳанда: озодиталаб, ҳангоматалаб… II [طلب] а 1. пурсидаву хостани чизе; дархост, илтимос; талаби касеро қабул кардан хоҳишу дархости… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тафаҳҳус — [تفحص] а. тафтиш кардан, ҷустуҷӯ кардан, кофтуков кардан; тафтиш, ҷустуҷӯ, кофтуков, ҷустор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
таҷассус — [تجسس] а. кит. ҷустуҷӯ, кофтуков; таҷассус кардан ҷустуҷӯ (кофтуков) кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хонаковӣ — [خانه کاوي] 1. барои худ хона ҷустан, дар тараддуди ёфтани хонаи иқоматӣ будан 2. дар хонаи касе кофтуков кардан; хонаковӣ кардан а) барои худ ҷои истиқомат ҷустуҷӯ намудан; б) дар хонае барои ёфтани чизе кофтуков кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷустуҷӯй — [جستجوي] 1. кофтуков; ба ҷустуҷӯи… ба кофтукови…; бо ҷустуҷӯй… бо кофтуков, бо пурсуҷӯ, бо пурсиш 2. пурсуҷӯй, пурсиш: ҷустуҷӯ кардан, дар ҷустуҷӯ афтодан 3. талаб, хост; дар ҷустуҷӯи чизе дар талаби чизе, барои чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афтодан — (афтидан) [افتادن // افتيدن] 1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан 2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.) 3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан 4. рехтан, боридан 5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баррасидан — [برّرسيدن] 1. расидан, даромадан 2. тафтиш кардан, кофтуков кардан 3. иттилоъ ҳосил кардан, хабар ёфтан, фаҳмидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беҳуда — [بيهوده] 1. бефоида, барабас: зӯри беҳуда, кори беҳуда, беҳуда сарф кардан, беҳуда гузаштани вақт; зӯри беҳуда миён мешиканад (зарб.); зӯри беҳуда задан кӯшиши бефоида кардан, барабас талош кардан 2. ноҳақ; бесабаб: беҳуда ранҷондан, беҳуда азоб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ибтиғо — [ابتغاء] а. талаб, дархост, хоҳиш; ҷустуҷӯ, кофтуков; талаб кардан, хоҳиш кардан; ҷустуҷӯ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истикшоф — [استکشاف] 1. ҷустуҷӯ, кофтуков, таҳқиқ 2. кашф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ